Please wait, loading...

Ман намуди нави соҳибкориро оғоз карда истодаам

Шумо оид ба пешниҳоди маҳсулот ё хизматрасонии нав идея доред ва мехоҳед намуди нави соҳибкориро оғоз намоед? Дар инҷо метавонед дар омӯзиш иштирок карда,оид ба соҳибкорӣ машварат ё оид ба имкониятҳои ба даст овардани маблағгузорӣ иттилоот гиред.

Идеяи худро дар якҷоягӣ бо РЕАК ба соҳибкории босубот табдил диҳед!

ww 1

РЕАК ба стартапҳо дар Тоҷикистон доираи васеи барномаву хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунад

Барномаҳои инкубатсионӣ

Барномаҳои инкубатсионии РЕАК барои оғози фаъолият ва рушди стартапҳои нав тавассути пешниҳоди захираҳои зарурӣ дар Марказҳои РЕАК кӯмак мерасонад. Хизматрасониҳои инкубатсионӣ барномаҳои омӯзиш ва рушди стартапҳо, дастрасӣ ба устодон ва мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ, роҳандозии робита бо шарикон ва сармоягузорони эҳтимолӣ, дастгирии маъмурӣ, фазои корӣ ва таҷҳизоти идораро дар бар мегирад.
9142 scaled

1633 scaled

БАРНОМАҲОИ АКСЕЛЕРАТСИОНӢ

Барномаҳои акселератсионии РЕАК соҳибкоронеро, ки фаъолияти худро оғоз карда истодаанд, бо дастовардҳои навтарин ва таҷрибаи пешқадам оид ба таъсис ва табдилдиҳии стартапҳо ба корхонаҳои муваффақ ва ҳаётан қодир таъмин мекунад.

Барномаҳоро коршиносони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ ва соҳибкорони муваффақ пеш мебаранд. Стандартҳои байналмиллалии барнома аз ҷониби шарикони беҳамтои барнома ба монанди ширкати акселератсионии Venture Hive аз штати Майамии ШМА тасдиқ карда мешавад.

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАРКАЗИ РЕАК

Машваратҳо дар ҷои кор дар масоили ҳуқуқӣ, андоз, муҳосибот, маркетинг ва ғ. оид ба рушди соҳибкорӣ

Ширкатҳо ва кормандони онҳо, ки дар барномаҳои инкубатсионӣ ва акселератсионӣ иштирок мекунанд, метавонанд аз биноҳои РЕАК барои фаъолияти худ истифода бурда, инчунин аз дастгирии дастаи мутахассисон ва ҷомеаи РЕАК бархурдор шаванд.
expo2020 business 3 3200 x 1800 scaled

Агар барои истифода аз барнома ё хизматрасониҳои РЕАК ҳавасманд бошед, метавонед варақаи фикру ақидаҳоро пур кунед.
81769599 475813189700317 2103771054801659836 n

Ки метавонад дархост пешниҳод намояд?

  •   суръати рушди солона 20% (даромад, фурӯш ва ғ.)
  •   Мавҷудияти маҳсулоти ҳадди ақал қобили истифода
  •   Иқтидор барои таъсиси ҷойҳои корӣ (ҳангоми мусоҳиба баҳо дода мешавад)
  •   Шартҳои дигар вобаста аз барнома илова карда хоҳанд шуд

Рӯйхати намудҳои фаъолияти манъкардашуда

Рӯйхати намудҳои фаъолияти манъкардашуда
  • Фаъолияти кишоварзӣ дар сатҳи истеҳсолот
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши ҳама гуна намуди маҳсулот ё фаъолияте, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвари мизбон ё конвенсияву созишномаҳои байналмиллалӣ ғайриқонунӣ эътироф гардидааст ва ё дар сатҳи байналмиллалӣ манъ шудааст, ба монанди маводҳои соҳаи дорусозӣ, нобудкунандаи ҳашарот, нобудкунандаи алафҳои бегона, моддаҳои вайронкунандаи қабати озонӣ, полихлордифенил, табиати ёбоӣ ва ё маводҳои озуқавии аз ҷониби КБСННФФЁ танзимшаванда
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши яроқ ва лавозимоти ҷангӣ
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ (ғайр аз оби ҷав (пиво) ва шароб (вино)
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши тамоку
  • Қиморбозӣ, казино ва муассисаҳои ба ин монанд
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши маводҳои радиоактивӣ
  • Истеҳсол ё фурӯши нахи асбестии васлношуда
  • Хариду фурӯши одамон
asd 1
asd 1

Чи гуна бояд ҳуҷҷат супорид?

Тартиб барои стартапҳо
Қадами 1: Супоридани дархост
Мо оид ба қабули дархостҳо дар сомонаи худ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон медиҳем
Қадами мазкур ҳадди ақал ду ҳафта вақтро мегирад.
Амалҳое, ки бояд Шумо иҷро кунед:
Бо иттилоот оид ба барнома ва шартҳои иштирок дар барнома шинос шавед.
Варақаи дархостро, ки дар сомонаи мо ҷойгир карда шудааст, пур кунед. Бояд ба ҳамаи саволҳо ҷавоб диҳед.
Қадами 2: Баҳодиҳӣ ва интихоб
Мо баҳодиҳӣ ва интихоби пешакии иштирокчиёнро мегузаронем
Қадами мазкур то 10 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Ҷавоби моро интизор шавед.
Агар мо ба Шумо бо савол муроҷиат кунем, бояд дар давоми ду рӯз ҷавоб диҳед.
Қадами 3: Мусоҳиба
Мо бо номзадҳои интихобшуда мусоҳиба мегузаронем.
Қадами мазкур то панҷ рӯзи кориро мегирад
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Агар дархости Шумо ҷавобгӯи ҳамаи шартҳо бошад, Шуморо барои мусоҳиба ба Маркази РЕАК даъват мекунанд. Аз ҷониби Шумо ҳадди ақал бояд ду аъзои асосии даста, аз ҷумла директори генералӣ ва ҳамаи ҳамасосгузорон иштирок намоянд. Мусоҳиба тақрибан 20-30 дақиқа вақтро мегирад.
Қадами 4: Санҷиш барои мувофиқат
Мо санҷиши хурде барои мувофиқат ба талаботи РЕАК мегузаронем.
Кадами мазкур то 7 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Шумо бояд шаҳодатномаи бақайдгирӣ, маълумотнома аз мақомоти андоз ва фонди иҷтимоӣ, оинномаи ширкат, нусхаи шиноснома ва тавсияномаҳоро пешниҳод кунед.
Ҳангоми дархост зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои мазкур дар давоми на зиёда аз ду рӯз пешниҳод шаванд.
Қадами 5: Тасдиқот аз ҷониби ВРББ (DFID)
Мо рӯйхати иштирокчиёни интихобшударо барои тасдиқот ба ВРББ (DFID) пешниҳод мекунем.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Даъвати моро интизор шавед.
Қадами 6: Даъват барои иштирок дар Барнома
Ба Шумо оид ба воридшавиатон ба Барнома тавассути почтаи электронӣ хабар дода мешавад.
Қадами мазкур то 2 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро намоед:
Бо мақсади пешбинӣ намудани вақти кофӣ барои иштирок дар Барнома тақвими фаъолияти худро мутаносибан ба нақша гиред.

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved