Please wait, loading...

 

Ман мехоҳам фаъолияти соҳибкории худро васеъ намоям

Шумо соҳибкор ҳастед ва мехоҳед доираи мизоҷон ва номгӯи маҳсулоти худро васеъ намуда, амалиётҳои соҳибкории худро беҳтар намоед ё ба сатҳи байналмиллалӣ бароед? Дар инҷо Шумо метавонед аз омӯзишҳо гузашта аз пешсафони соҳаи худ маслиҳат гиред.

Фаъолияти соҳибкории худро бо РЕАК то қуллаҳои баланд расонед!

РЕАК ба корхонаҳои Тоҷикистон доираи васеи барномаву хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунад

Барномаҳои тақвияти нерӯъ
Барномаҳои РЕАК оид ба тақвияти нерӯъ ҷиҳати таъмини рушди ширкатҳои иштирокчӣ ва баромади онҳо ба бозорҳои байналмиллалӣ онҳоро бо малака ва дониши зарурӣ таъмин мекунад.
Барномаи шаҳодатномадоркунонӣ
Барномаи шаҳодатномадоркунонии РЕАК ин хатми якчанд барномаҳо ва ба даст овардани мақоми «Дорои шаҳодатномаи РЕАК» ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ва дарёфти шарикон мебошад.
Хизматрасониҳои ташхиси ройгони фаъолияти соҳибкорӣ
Хизматрасониҳои ташхиси ройгон ба он соҳибкороне пешниҳод карда мешавад, ки хоҳиши ошкор намудани омилҳои боздорандаи фаъолияти худро доранд.
Машваратҳо оид ба рушди соҳибкорӣ
Дар доираи барномаҳо оид ба тақвияти нерӯъ РЕАК барои гирифтани машварат аз ҷониби мушовирони баландихтисос оид ба рушди соҳибкорӣ, ки дар омӯзишҳои РЕАК иштирок кардаанд ва хизматрасониҳои онҳо қисман аз ҷониби РЕАК пардохт карда мешавад, имконият медиҳад.
Роҳнамоӣ ҳамчун устод
РЕАК аз соҳибкорон ва мутахассисони муваффақ дастаи устодонро таъсис медиҳад, ки онҳо дар бораи сабақҳои омӯхтаи худ нақл карда, машваратҳои амалӣ медиҳанд. РЕАК инчунин соҳибкоронро аз Британияи Кабир ва кишварҳои дигар ҷалб хоҳад намуд, ки онҳо тавассути платформаҳои интернетӣ ҳамтоёни худро ҳамчун устод роҳнамоӣ мекунанд.
Мусоидат барои баромадан ба бозорҳои беруна
РЕАК барномаҳои акселератсиониро, ки ба омодасозии ширкат барои баромад ба бозорҳои байналмиллалӣ равона карда шудааст, пешниҳод мекунад.
Дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадами байналмиллалӣ вобаста ба инкубаторҳои соҳибкорӣ
Ба шарофати ҳамкорӣ бо ширкати акселератори америкоии Venture Hive ва Мактаби соҳибкории Кембриҷи Британияи Кабир РЕАК барои ба роҳ мондани робитаҳои сатҳи ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад.
Чорабиниҳо оид ба рушди тахассус ва робитаҳои корӣ
РЕАК бо ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва дигар ташкилотҳои калидӣ аз наздик ҳамкорӣ намуда, ба ин васила маълумотнокӣ ва ҷалби иштирокчиёни барномаҳои РЕАК-ро дар ҳамаи чорабиниҳои оид ба рушди тахассус ва робитаҳои корӣ, ки барои доираи соҳибкорон пешбинӣ шудааст, таъмин менамояд.
81798903 1425281757634641 9098364096958312435 n

Ки метавонад дархост диҳад?

  • Ширкатҳои хусусӣ
  • Дорои 50 нафар ё шумораи камтари кормандони доимӣ
  • Даромади солона аз фурӯш камтар аз 15 млн. сомонӣ
  • Ширкат дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ё Қирғизистон фаъолият мекунад
  • Моликони ширкат бояд шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ё Тоҷикистон бошанд.

Рӯйхати намудҳои фаъолияти манъкардашуда

Намудҳои фаъолияте, ки барои иштирок дар барнома манъ карда шудааст
  • Фаъолияти кишоварзӣ дар сатҳи истеҳсолот
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши ҳама гуна намуди маҳсулот ё фаъолияте, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвари мизбон ё конвенсияву созишномаҳои байналмиллалӣ ғайриқонунӣ эътироф гардидааст ва ё дар сатҳи байналмиллалӣ манъ шудааст, ба монанди маводҳои соҳаи дорусозӣ, нобудкунандаи ҳашарот, нобудкунандаи алафҳои бегона, моддаҳои вайронкунандаи қабати озонӣ, полихлордифенил, табиати ёбоӣ ва ё маводҳои озуқавии аз ҷониби КБСННФФЁ танзимшаванда
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши яроқ ва лавозимоти ҷангӣ
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ (ғайр аз оби ҷав (пиво) ва шароб (вино)
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши тамоку
  • Қиморбозӣ, казино ва муассисаҳои ба ин монанд
  • Истеҳсол ё хариду фурӯши маводҳои радиоактивӣ
  • Истеҳсол ё фурӯши нахи асбестии васлношуда
  • Хариду фурӯши одамон
asd 1
asd 1

Чи гуна бояд ҳуҷҷат супорид?

Тартиби ҳуҷҷатсупорӣ барои ширкатҳо
Қадами 1: Супоридани ҳуҷҷат
Мо оид ба қабули дархостҳо дар сомонаи худ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон медиҳем.
Қадами мазкур ҳадди ақал ду ҳафта вақтро мегирад.
Амалҳое, ки бояд Шумо иҷро кунед:
Бо иттилоот оид ба барнома ва шартҳои иштирок дар он шинос шавед.
Варақаи дархостро, ки дар сомонаи мо ҷойгир карда шудааст, пур кунед. Бояд ба ҳамаи саволҳо ҷавоб диҳед.
Қадами 2: Баҳодиҳӣ ва интихоб
Мо баҳодиҳӣ ва интихоби пешакии иштирокчиёнро мегузаронем
Қадами мазкур то 10 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Ҷавоби моро интизор шавед.
Агар мо ба Шумо бо савол муроҷиат кунем, бояд дар давоми ду рӯз ҷавоб диҳед.
Қадами 3: Мусоҳиба
Мо бо номзадҳои интихобшуда мусоҳиба мегузаронем.
Қадами мазкур то панҷ рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Агар дархости Шумо ҷавобгӯи ҳамаи шартҳо бошад, Шуморо барои мусоҳиба ба Маркази РЕАК даъват мекунанд. Аз ҷониби Шумо ҳадди ақал бояд ду аъзои асосии даста, аз ҷумла директори генералӣ ва ҳамаи ҳамасосгузорон иштирок намоянд. Мусоҳиба тақрибан 20-30 дақиқа вақтро мегирад.
Қадами 4: Санҷиш барои мувофиқат
Мо санҷиши хурде барои мувофиқат ба талаботи РЕАК мегузаронем. Кадами мазкур то 7 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Шумо бояд шаҳодатномаи бақайдгирӣ, маълумотнома аз мақомоти андоз ва фонди иҷтимоӣ, оинномаи ширкат, нусхаи шиноснома ва тавсияномаҳоро пешниҳод кунед. Ҳангоми дархост зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои мазкур дар давоми на зиёда аз ду рӯз пешниҳод шаванд.
Қадами 5: Тасдиқот аз ҷониби ВРББ (DFID)
Мо рӯйхати иштирокчиёни интихобшударо барои тасдиқот ба ВРББ (DFID) пешниҳод мекунем.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Даъвати моро интизор шавед.
Қадами 6: Даъват барои иштирок дар Барнома
Ба Шумо оид ба воридшавиатон ба Барнома тавассути почтаи электронӣ хабар дода мешавад.
Қадами мазкур то 2 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро намоед:
Бо мақсади пешбинӣ намудани вақти кофӣ барои иштирок дар Барнома тақвими фаъолияти худро мутаносибан ба нақша гиред.

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved