Please wait, loading...

 

Ман мушовир оид ба рушди соҳибкорӣ ҳастам

Дар барномаи беҳамтои РЕАК оид ба такмили ихтисоси мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ иштирок намуда, сифати хизматрасониҳои худро то сатҳи стандартҳои байналмиллалӣ мукаммал намоед, доираи мизоҷони худро васеъ намоед ва онҳоро дар сатҳи баланд қаноатманд созед.

РЕАК ба мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон доираи васеи барномаву хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунад

Мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ

Мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ

Ширкатҳои мушовирӣ
Мушовирони озод/Тренерҳои ассотсиатсияҳои соҳибкорон

Муассисаҳои таълимӣ
Ширкатҳои мушовирии байналмиллалӣ

Ширкатҳои мушовирӣ
Мушовирони озод/Тренерҳои ассотсиатсияҳои соҳибкорон

Муассисаҳои таълимӣ
Ширкатҳои мушовирии байналмиллалӣ

Барномаҳои такмили ихтисос
Барномаҳои такмили ихтисоси мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ аз ду қисмат иборатанд:
1 малакаҳои заминавии машваратдиҳӣ (одоб ҳангоми машваратдиҳӣ, маркетинг ва фурӯш, аз ҷумла таъсиси шиноснома (профил), таҳияи назар/пешниҳодҳои мушовир), малакаҳои муоширати корӣ, идоракунии фаъолият ва воситаҳои мушовирӣ
2 санҷиши касбӣ (ҷанбаҳои андозӣ, ҳуқуқӣ, маркетинг)
Дастрасӣ ба кӯмак дар намуди маблағгузорӣ
Маблағгузорӣ/пардохти як қисми хизматрасониҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкорӣ бе расонидани зарар ба фаъолияти бозор
Таблиғи мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ тавассути Марказҳои РЕАК ва сомонаи интернетии Барномаи РЕАК,
Шабакаи мушовирони баландихтисос оид ба рушди соҳибкориро таъсис дода, онро тавассути роҳу василаҳои РЕАК, аз ҷумла сомонаи интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғ. таблиғ мекунад.
Барномаи РЕАК оид ба васеъкунии доираи мизоҷон
Барномаи РЕАК ба махзани мизоҷон/иштирокчиёни барномаҳои худ дастрасии озод медиҳад
Робитаҳои корӣ
РЕАК ба таҷрибаву дониши коршиносон дар сатҳи байналмиллалӣ дастрасӣ медиҳад. Модели «Робитаи бевосита бо бозор (Direct Market Linkage)» ба мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ барои ҳамкории байниҳамдигарӣ ва дастгирии стартапҳо ва соҳибкорони микро, хурд ва миёна имконият медиҳад.
1

Ки метавонад дархост пешниҳод кунад?

  • Ташкилотҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкорӣ/мушовирони дорои таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои зерин: технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, сохтмон, фаъолияти меҳмонхона ва тарабхона, саноати озуқаворӣ ва истеҳсоли маводи озуқаворӣ, маориф, савдои чакана, тиҷорати электронӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар соҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолбуда.
  • Ба рушди касбии худ ва ба дигарон пешниҳод намудани таҷрибаи худ оид ба таъсиси соҳибкорӣ дар ширкатҳои стартап ва СХМ ҳавасманд
  • Дорои таҷрибаи муваффақ дар иҷрои барномаҳои таълимии босифат, машварат, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳлил ва баҳодиҳии фаъолияти соҳибкорӣ
  • Омодаи қабули идея ва роҳу василаҳои навоварона дар таъсис ва идораи фаъолияти соҳибкорӣ
  • Таҷрибаи муваффақ дар таъсис ва пешбурди корхонаҳои босубот/корхонаҳо

Чи тавр бояд дархост пешниҳод кард?

Қадами 1: Дархост
Мо тавассути сомонаи худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои изҳори ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар барномаи РЕАК эълон медиҳем.
Қадами мазкур то 14 рӯзро мегирад.
Амалҳое, ки бояд Шумо иҷро кунед:
Бо иттилоот оид ба барнома ва шартҳои иштирок дар он шинос шавед.
Варақаи дархост ва саволнома (анкета)-ро пур кунед.
Қадами 2: Баҳодиҳии пешакӣ:
Мо баҳодиҳӣ ва интихоби иштирокчиёнро мегузаронем
Қадами мазкур то 10 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Ҷавоби моро интизор шавед.
Агар мо ба Шумо бо савол муроҷиат кунем, бояд дар давоми ду рӯз ҷавоб диҳед.
Ба Шумо зарур аст, ки варақаи шиносномаи мушовир оид ба рушди соҳибкориро пур кунед
Қадами 3: Баҳодиҳии татбиқпазирӣ ва эътимоднокӣ
Мо се мизоҷро интихоб намуда, хоҳиш мекунем, ки тавсияномаҳо пешниҳод намоянд. Тавсияномаҳои гирифташуда аз рӯи шартҳои зерин баҳо медиҳем: (i) сатҳи қаноатмандии мизоҷон, (ii) баҳодиҳии умумии бозори хизматрасониҳои машваратӣ, (iii) талаботи эҳтимолӣ ба машваратҳо оид ба рушди соҳибкорӣ.
Қадами мазкур то 15 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Ба Шумо зарур аст, ки бо се мизоҷи аз ҷониби РЕАК интихобгардида дар тамос шуда, розигии онҳо барои пешниҳоди тавсиянома ба даст оред ва сипас ба РЕАК маълумотро барои тамос бо онҳо пешниҳод кунед.
Қадами 4: Санҷиш барои мувофиқат
Мо санҷиши хурде барои мувофиқат ба талаботи РЕАК мегузаронем.
Кадами мазкур то 7 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Шумо бояд шаҳодатномаи бақайдгирӣ, маълумотнома аз мақомоти андоз ва фонди иҷтимоӣ, оинномаи ширкат, нусхаи шиноснома ва тавсияномаҳоро пешниҳод кунед. Ҳангоми дархост зарур аст, ки ҳуҷҷатҳои мазкур дар давоми на зиёда аз ду рӯз пешниҳод шаванд.
Қадами 5: Тасдиқот аз ҷониби ВРББ (DFID)
Мо рӯйхати иштирокчиёни интихобшударо барои тасдиқот ба ВРББ (DFID) пешниҳод мекунем.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Даъвати моро интизор шавед.
Қадами 6: Даъват барои иштирок дар Барнома
Ба Шумо оид ба воридшавиатон ба Барнома тавассути почтаи электронӣ хабар дода мешавад.
Қадами мазкур то 2 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро намоед:
Бо мақсади пешбинӣ намудани вақти кофӣ барои иштирок дар Барнома тақвими фаъолияти худро мутаносибан ба нақша гиред.

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved

Copyright © 2020 DAI Europe. All rights reserved