Please wait, loading...
Барномаи РЕАК бо мақсади дастгирии бахши хусусии нисбатан қавӣ, диверсификатсияшуда ва фарогир дар Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир тавасссути Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (UK Aid) маблағгузорӣ мешавад.
Мақсади асосии РЕАК – дастгирии рушди ширкатҳои навтаъсис (стартапҳо) ва ҳавасмандкунии рушди босуботи соҳибкорони микро, хурд ва миёна ва беҳтар намудани бозори хизматрасониҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкорӣ.
Натиҷаҳои дилхоҳи РЕАК – зиёд намудани шумораи (i) стартапҳои муваффақ, (ii) ШМХМ-и босубот ва рушдёфтаистода, (iii) ҷойҳои кории таъсисдодашуда ва (iv) такмили ихтисоси мушовирони маҳаллӣ оид ба рушди соҳибкорӣ.
РЕАК дар нақша дорад, ки мақсадҳои дарпешгузоштаи худро тавассути корҳои зерин ба даст орад:
– таъсиси марказҳои рушди навовариҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;
– баланд бардоштани сифати машваратҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва механизми устоду шогирд дар байни ШМХМ ва стартапҳо;
– ҳавасмандкунӣ ба робитаҳои корӣ байни мушовирон оид ба рушди соҳибкорӣ ва стартапҳо/ШМХМ.