Қадами 3: Баҳодиҳии татбиқпазирӣ ва эътимоднокӣ
Мо се мизоҷро интихоб намуда, хоҳиш мекунем, ки тавсияномаҳо пешниҳод намоянд. Тавсияномаҳои гирифташуда аз рӯи шартҳои зерин баҳо медиҳем: (i) сатҳи қаноатмандии мизоҷон, (ii) баҳодиҳии умумии бозори хизматрасониҳои машваратӣ, (iii) талаботи эҳтимолӣ ба машваратҳо оид ба рушди соҳибкорӣ.
Қадами мазкур то 15 рӯзи кориро мегирад.
Амалҳое, ки Шумо бояд иҷро кунед:
Ба Шумо зарур аст, ки бо се мизоҷи аз ҷониби РЕАК интихобгардида дар тамос шуда, розигии онҳо барои пешниҳоди тавсиянома ба даст оред ва сипас ба РЕАК маълумотро барои тамос бо онҳо пешниҳод кунед.